СУРАТГУЗОРИШИ АМИТ «ХОВАР»: Намоиш-фурӯши маҳсулоти ватании шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар Душанбе

Сентябрь 9, 2023 13:17

ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар намоиш-фурӯши мазкур кишоварзон ва аҳли ҳунару фарҳанги вилояти Хатлон номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, нонию қаннодӣ ва намунаҳои қадимаю муосири ҳунарҳои мардумии вилоятро пешниҳоди меҳмонон намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 9 то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида мешавад.

Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.

АКС: РӮЗНОМАИ «ХАТЛОН»

Сентябрь 9, 2023 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд