ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, душанбе, 261-умин рӯзи соли 2023 аст

Сентябрь 18, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 1851 аввалин шумораи рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» аз нашр баромад, ки 2 сент арзиш дошт.

***

75 сол муқаддам, 18 сентябри соли  1947 Раёсати марказӣ-иктишофии ИМА таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1980 аввалин киштии кайҳонии «Союз-38» бо кайҳоннаварди кубагӣ  ба кайҳон баромад.

***

18 сентябри соли  1981 дар Фаронса ҳукми қатл бекор шуд.

***

18 сентябри соли 2008 дар бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии мамлакатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

***

8 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе масоили васеи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Америка дар доираи созмонҳои байналхалқӣ баррасӣ шуд.

***

18 сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Фазои дӯстӣ» доир шуд.

***

11 сол пеш, 18 сентябри соли 2012 дар пойтахти мамлакат   намоиш-ярмаркаи маҳсулоти Ноҳияи мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

***

10 сол пеш, 18 сентябри соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи ҳарбӣ байни Тоҷикистон ва Русияро, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид, барои тасдиқ ба  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

***

18 сентябри соли 2015 дар шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ду корхонаи бузурги истеҳсолӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар ба истифода дода шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори Ассамблеяи генералии 72-юми Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар намуданд.

18 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мониторинги сифати об.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи мусиқии миллӣ.

***

Дар Арманистон – Рӯзи ситорашиносӣ.

Сентябрь 18, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, душанбе, 237-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, якшанбе, 236-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, шанбе, 235-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, ҷумъа, 234-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, панҷшанбе, 233-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, чоршанбе, 232-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, сешанбе, 231-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, душанбе, 230-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, якшанбе, 229-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, шанбе, 228-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, ҷумъа, 227-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, панҷшанбе, 226-умин рӯзи соли 2025 аст