ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, панҷшанбе, 271-умин рӯзи соли 2023 аст
Дар ин рӯзи соли 1992 аввалин маротиба маъракаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия оғоз гардид.
***
28 сентябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба тақсимот ва муайянкунии сарҳади давлатӣ ба кор оғоз намуд, ки то 5 октябр давом ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон форуми тиҷоратӣ баргузор гардид.
***
28 сентябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
***
8 сол пеш, 28 сентябри соли 2015 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзуи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим» суханронӣ намуданд.
***
28 сентябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони Хадамоти гумруки мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
6 сол пеш, 28 сентябри соли 2017 Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
***
28 сентябри соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ифтихори 25-солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ байни ду давлат барномаи фарҳангии «Шоми дӯстии Тоҷикистон ва Корея» баргузор гардид.
***
28 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
28 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии баҳр.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ.
***
Дар Русия – Рӯзи кормандони саноати атомӣ.