Тоҷикистон тибқи уҳдадориҳои байналмилалии худ «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм»-ро амалӣ намудааст

Сентябрь 23, 2023 14:56

ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) иштирок ва суханронӣ  намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба аҳаммияти сулҳу суботи устувор ва шукуфоӣ дар минтақаи Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) таъкид намуда, аз вазъи феълии амниятӣ дар манотиқи гуногуни Созмон, аз  ҷумла афзоиши таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, авҷ гирифтани ихтилоф ва даргириҳои мусаллаҳона изҳори нигаронӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон тибқи уҳдадориҳои байналмилалии худ ҷиҳати мубориза бо таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ ва бегонаситезӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад ва ба ин васила ба ҷомеаи ҷаҳонӣ платформаи муколамаи сиёсиро бо номи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» фароҳам овардааст.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2023 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд