Вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони шаҳри Ҳисор мулоқот намуданд

Сентябрь 5, 2023 13:11

ДУШАНБЕ, 05.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ ва Дурбати шаҳри Ҳисор мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Дар мулоқот вакилони мардумӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»,  ҳифзи истиқлолу озодӣ, гиромидошти арзишҳои неки ниёгон, тарбияи ватандӯстии насли наврасу ҷавон, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳо сухан гуфтанд.

Иброз гардид, ки вазъи мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ба қадри сулҳу субот ва якдилию ҳамдигарфаҳмӣ расида, баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ кӯшиш намоем.

Таъкид гардид, ки ҳар сокини мамлакатро зарур аст, ки таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин ва захираи дусолаи маводи озуқаворӣ дар ҳар оила сармашқи кору зиндагӣ намояд.

Оид ба амалишавии қонунҳои миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  иброз гардид, ки хушбахтона, сокинони мамлакат моҳияти қонунҳои мазкурро сари вақт дарк намуда, ҷиҳати амалӣ намудани меъёрҳои он кӯшиш намуда истодаанд. Аз сокинони шаҳри Ҳисор даъват ба амал оварда шуд, ки ба зиёдаравию таассуб роҳ надода, баръакс баҳри сарфаю сариштакорона истифода намудани маблағҳои оилавӣ кӯшиш намоянд.

Дар мулоқот оид ба таъкидҳои Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ёдовар шуда, аз масъулони соҳа даъват ба амал оварданд, ки баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омоданамоии хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Илм- фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон оинаи таърихи миллат» аз тамоми имконияти мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Ёдовар мешавем, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 то 11 сентябр дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо сокинону фаъолон  суҳбату мулоқотҳо  анҷом медиҳанд.

АКС: Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

Сентябрь 5, 2023 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар мавзуи «Дипломатияи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – назария ва амалияи он» ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Тоҷикистону Кипр робитаҳои байнипарламентиро тақвият медиҳанд
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи экологӣ доир шуд
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон якчанд созишнома ба тасвиб расид