Вилояти Хатлон ҳамкориро бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ вусъат мебахшад

Сентябрь 6, 2023 13:17

ДУШАНБЕ, 06.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории дуҷониба, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастрасии технологияи нав аз масъалаҳое буданд, ки 5 сентябр зимни  мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон (FAO) Олег Кучгелдиев баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳои таъмини тухмиҳои хушсифату ҳосилдиҳанда ва ҷалби воситаҳои грантӣ барои рушди соҳибкории занон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят рушди бештар меёбад.

Бояд гуфт, ки FAO дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизои мамлакатҳо саҳми арзанда гузошта истодааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Сентябрь 6, 2023 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид