Завқӣ Завқизода бо Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки ба ин мақсад барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории мушаххас талоши бештар намоянд.
Аз Сарвазири Давлати Қатар ба ҳайси раиси Шӯрои директорони иҷроияи Мудирияти сармоягузории Қатар хоҳиш карда шуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус маблағгузории сохтмони НБО-и «Роғун», лоиҳаи сохтмони Фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонию боркашонӣ (карго) дар ноҳияи Данғара, модернизатсияи ҶСК «Ширкати Алюминии Тоҷик» (Талко), идомаи сохтмони маҷмааи истиқоматии «Диёри Душанбе», сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе ва инфрасохтори сайёҳӣ, кушодани хатсайрҳои мусофирбарии мустақим байни Душанбе ва Давҳа, инчунин қабули 4 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳоҷиратӣ меҳнатӣ мусоидат намояд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






