11 нафар аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» сазовори ҷойҳои намоён шуданд

Октябрь 31, 2023 11:12

ДУШАНБЕ, 31.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 донишҷӯ ва як устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯйи 7 номинатсия ба гирифтани 3 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм ва 1 ҷои ифтихорӣ мушарраф гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Донишҷӯйи курси 4-уми факултети механикаю математика Муҳибулло Қосимов аз рӯйи номинатсияи математика, Садриддин Мирзоев – донишҷӯйи курси 4-уми факултети физика аз рӯйи номинатсияи физика ва астрономия, дотсенти кафедраи химияи татбиқии факултети химия Саврибегим Ёрмамадова аз рӯйи номинатсияи ихтироъкорӣ (байни устодону кормандон ва унвонҷӯёну докторантон)  ҷойи якумро ишғол намуданд.

Донишҷӯйи курси 3-юми факултети механикаю математика Шоҳин Исматов аз рӯйи номинатсияи математика, Фаридун Қориев – донишҷӯйи курси 4-уми факултети геология аз рӯйи номинатсияи география ҷойи дуюмро ишғол намуданд.

Донишҷӯи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ Муҳаммадҷони Диловар аз рӯйи номинатсияи математика, Саидҷони Обидҷон – донишҷӯи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ аз рӯйи номинатсияи физика ва астрономия ва донишҷӯйи курси 3-юми факултети химия аз рӯйи номинатсияи химия Амир Назарзода соҳиби ҷойи 3 сеюм гардида, донишҷӯйи курси 3-юми факултети химия Азизбек Мираҳимов аз рӯйи номинатсияи химия ҷойи ифтихориро соҳиб гардид.

Ёдовар мешавем, ки 28 октябр дар Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд. Озмун таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор гардид.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Октябрь 31, 2023 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд