35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара майдони Парчами давлатӣ, Қасри ҷавонон ва маркази саломатӣ бунёд карда мешавад

Октябрь 31, 2023 13:26

ДУШАНБЕ, 31.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти давлатии Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилояти Суғд бо лоиҳаи якчанд иншооти ҷашнӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешаванд, шинос гардид. Аз ҷумла, зимни муаррифии лоиҳаҳо маълумот дода шуд, ки бо дастгириии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, инчунин соҳибкорони шаҳр дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои маъмурии ҷамоат, қасри ҷавонон, сардхонаву маркази саломатӣ, бинои хадамоти оташнишонӣ ба нақша гирифта шуда, ин иншоот то ҷашни таърихӣ сохта мешавад.

Иброз гардид, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар шаҳри Исфара теъдоди зиёди иншооти иҷтимоӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифт, ки дар натиҷа симои шаҳраку деҳот дигаргун шуд. Сокинон ва соҳибкорону саховатмандони шаҳри Исфара низ дар пайравӣ аз иқдоми бунёдкоронаи Сарвари давлат дар ободии маҳал, бунёди марказҳои хизматрасониву мактабу кӯдакистон, гармхонаву сардхонаҳо, мумфаршкунии роҳҳо саҳми шоиста мегузоранд, ки ин қобили  таҳсин аст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 31, 2023 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд