35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Хоруғ бинои 12-ошёна, минтақаи саноатӣ ва парки технологӣ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ориёнбонк» дар шаҳри Хоруғ бинои 12-ошёна месозад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти «Ориёнбонк» тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Хоруғ сохтмони бинои 12-ошёнаро, ки дар он хонаҳои истиқоматӣ, аппартаментҳо ва филиали бонк дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба нақша гирифта шудааст, оғоз намояд.
Ҳамзамон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди саноат (2022- 2026) ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар заминаи собиқ «Заводи Нон»-и шаҳри Хоруғ минтақаи саноатӣ ва парки технологӣ таъсис дода мешавад.
Дар ин замина дар ҳудуди иншооти мазкур дар масоҳати 1,7 гектар сохтмони корхонаи саноатӣ оғоз мешавад.
Нахустин шуда, соҳибкори ватанӣ Рамеш Худоиев дар заминаи ин минтақаи саноатӣ сохтмони корхонаи истеҳсоли ҳасибро оғоз менамояд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Хоруғ сохтмону навсозии 250 иншооти таъйиноти гуногун, асфалткунонии роҳҳои мошингард, чароғонкунии биноҳои баландошёна ва дигар корҳои ободониву созандагӣ ба нақша гирифта шуда, марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд.
АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






