7 донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» шуданд

Октябрь 30, 2023 16:12

ДУШАНБЕ 30.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад  Осимӣ дар даври ҷумҳуриявии Озмуни  «Илм-фурӯғи маърифат» ғолиби озмун гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Донишҷӯён аз рӯи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, технологияҳои иттилоотӣ ва ихтироъкорӣ ва навоварӣ иштирок намуда, як нафар соҳиби ҷои 1, се нафар соҳиби ҷои 2 ва се нафари дигар соҳиби ҷои 3 гардиданд.

Ба ғолиби ҷойи якум 35 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 25 ҳазор сомонӣ  ва ҷойи сеюм  15 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ки яке аз донишгоҳҳои базавӣ ба ҳисоб меравад, дар самти омодасозии донишҷӯён корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Натиҷаи ҳамин омодагиҳо буд, ки дастаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии озмун ғолиб шуд.

Ёдовар мешавем, ки маросими тантанавии ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.

 АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Октябрь 30, 2023 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд