Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳ 107,9 фоизро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 13.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми нуҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 43809,5 млн сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,9 фоизро ташкил дода, 3192,2 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус дирӯз зимни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.
Тавре дар Вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 33379,0 млн сомонӣ ва маҳсулоти чорвопарварӣ 10430,5 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 108,8 ва 105,0 фоиз таъмин шуд. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 55,7 фоиз ва бахши аҳолӣ 44,3 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, асосан истеҳсоли меваҷот, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,6 фоиз, полезӣ 21,3 фоиз, сабзавот, 11,3 фоиз, аз ҷумла пиёз 21,5 фоиз ва картошка 3,8 фоиз зиёд аст, афзоиш ёфтааст.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






