Ҳайати Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Узбекистон иштирок намуд

Октябрь 24, 2023 15:10

ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр намояндагони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Муколамаи байнифарҳангӣ дар ҷаҳони муосир: маориф, маърифат ва дипломатияи халқӣ», ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир гардид, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад.

Машварат бо ташаббуси Маркази дипломатияи мардумии Созмони ҳамкории Шанхай дар Узбекистон доир шуда, дар он намояндагони мамлакатҳои аъзои СҲШ иштирок намуданд.

Декани факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатӣ Далер Қодирзода дар мавзуи «Нақши мероси илмӣ, маънавӣ ва динӣ-маърифатии мутафаккирони Осиёи Марказӣ дар тарбияи насли наврас» маъруза намуда, доир ба мавқеи намунаҳои эҷоди нависандагону адибони минтақа дар ташаккули шахсияти ҷавонон баёни андеша намуд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 24, 2023 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид