Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад

Октябрь 23, 2023 18:33

ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Устодони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Таҳқиқот  ва татбиқи металлургияи камкарбон ва дарёфти роҳҳои нави истеҳсолот бо энергияи «сабз»», ки дар Донишгоҳи марказии ҷанубии шаҳри Чаншаи Ҷумҳурии Мардумии Чин мегузарад, иштирок доранд.

Тавре аз  Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, конференсия 17 октябр оғоз гардида, то 24 октябр идома меёбад. Дар он олимони 60 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Ҳаёт Раҳимов аз рӯи технологияи ихтироънамудаи худ маърузаи илмӣ намуда, аз тарафи олимони сатҳи ҷаҳони баҳои хуби илмиро соҳиб шуд.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи амалӣ намудани корҳои илмию таҳқиқотии таҳқиқотчиёни кафедраи металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маркази таҳқиқотии технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон усули муосири истеҳсоли металли сурма бо истифода аз реагенти дохилии воридотивазкунанда ихтироъ гардидааст, ки арзиши истеҳсоли металлро ба куллӣ кам ва ҳамзамон масъалаҳои экологияро дар минтақае, ки корхонаҳои коркард ҷойгир ҳастанд, беҳтар менамояд.

АКС аз Ҳаёт Раҳимов

Октябрь 23, 2023 18:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид