Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдтекстайлз» дубора фаъол мегардад

Октябрь 28, 2023 13:01

ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд масъалаи бакорандозии ҶДММ «Суғдтекстайлз»​ (собиқ корхонаи​ «Кобул-Тоҷик-Текстайлз») ва муосиркунонии он мавриди баррасии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ» Ҳошимян Гаги қарор гирифт.​  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Тавре таъкид шуд, корхона бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои​ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии  мамлакат баён гардид, фаъол гардонда шуда, иқтидори истеҳсолӣ, истифода ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мегардад.​

Дубора фаъол намудани корхонаи азими саноатӣ, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои марбут ба саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон​ амалӣ мешавад, имкон медиҳад, ки ҳазорҳо нафар​ бо ҷойи кор таъмин гарданд ва ба даст овардани музди меҳнат​ ба баланд шудани некӯаҳволии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Дар назар аст, ки дар корхона таҷҳизоту технологияи олмонӣ васлу насб шуда, коргоҳҳои ресандагиву бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангу бори матоъ таъсис дода шаванд ва 3500 нафар соҳиби ҷойи кор гарданд. Бо ин роҳ дар нақша аст, ки коркарди пурраи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ амалӣ гардад.​

Ҳамзамон сармоягузорон иқдом намудаанд, ки​ корхонаи истеҳсоли равған дар шаҳри Конибодомро низ ба талаботи рӯз мувофиқ намуда, бо воридсозии таҷҳизоти муосири олмонӣ онро низ замонавӣ созанд.​

Раиси вилоят аз иқдоми  созандаи соҳибкорону сармоягузорон изҳори қаноатмандӣ намуда, фаъолсозии иқтидорҳои бозистодаро муфид ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки бо амалисозии чунин тарҳҳо метавон ба натиҷаҳои назаррас соҳиб гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 28, 2023 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд