Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» муассисаҳои буҷетии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикободро бо ангишти хушсифат таъмин намуд

Октябрь 21, 2023 17:21

РАШТ, 21.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» соли равон зиёда аз 60 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид, ки он ба корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ва хоҷагии халқи мамлакат пешниҳод мешавад, иттилоъ доданд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини ин ҷамъият.

Кони ангишти «Камароб» дар баландии беш аз 3500 метр, дар дараи Камароби ноҳияи Рашт воқеъ мебошад, ки дар фасли тобистон барфи он дер об шуда, дар аввали фасли тирамоҳ боз барф меборад. Аз ҳамин ҳисоб ва тармафароиҳои зиёд роҳҳои мошингард вайрон мегарданд ва истихроҷи ангишт мушкил мешавад. Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, масъулини  Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» барои кормандони кон ва меҳмонону ронандагон беҳтарин шароити маишӣ муҳайё намуда, кӯшиш менамоянд, ки нақшаи вобастагардидаро иҷро намоянд.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» бо муассисаҳои буҷавии ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод шартнома баста, мувофиқи талаботи муассисаҳои буҷавӣ ноҳияи Раштро бо 2328 тоннаю 0,16 кг ангишт ва сохторҳои буҷавии ноҳияи Тоҷикободро бо 767 тоннаю 200 кг ангишти хушсифат сари вақт таъмин намуд.

Роҳбарияти ширкат дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюбони ноҳияи Лахш,  ниёзмандону ятимон ва маъюбонро бо ангишти ройгон таъмин менамоянд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» имконият дорад, ки сохторҳои буҷетии ноҳияҳои Сангвору Нуробод ва Лахшро бо ангишти хушсифат таъмин намояд. Аз ин рӯ роҳбарияти ширкат ҷиҳати бастани шартнома барои соҳаҳои буҷетӣ ҳамасола ба ин ноҳияҳо муроҷиат менамояд, вале роҳбарияти ин ноҳияҳо бо баҳонаҳои гуногун шартнома намебанданд.

АКС: Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб»

Октябрь 21, 2023 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд