Ҳамкории Кумитаи андози Тоҷикистон бо Донишкадаи муштараки Вена (JVI) баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Маликзода бо Директори Донишкадаи муштараки Вена (JVI) Эрве Жоли ва Роҳбари намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Наиля Менляшева мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита.
Ҷонибҳо вобаста ба даврҳои омӯзишии Донишкадаи муштараки Вена (JVI) ва масъалаи васеъ намудани ҳамкории Кумитаи андоз бо ин донишкадаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иброз гардид, ки давоми солҳои охир якчанд корманди Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврҳои Донишкадаи муштараки Вена (JVI) таълим гирифтанд, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва самаранокии фаъолияти касбии онҳо мусоидат намуд.
Аз ҷониби Нарзулло Маликзода пешниҳод шуд, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии таълимгирандагон шумораи даврҳои тахассусӣ, махсусан оид ба беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сиёсати андоз, андозбандии байналмилалӣ ва рақамикунонии соҳа зиёд шаванд.
Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо қаноатмандии худро аз вохӯрӣ изҳор дошта, омодагии худро барои идомаи ҳамкории минбаъда баён намуданд.
АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






