«АНДАРЗНОМА». Таҳти ин унвон китоби Саймумин Ятимов чоп шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти муосир китоби «Андарзнома»-и профессор Саймумин Ятимовро интишор намуд, ки дар он суханҳои пандомези мутафаккирони ҳар давру замон ва халқу миллатҳои гуногун ҷамъоварӣ шуда, мавзуъҳои мухталифро дар бар мегиранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Махсус ҷамъоварӣ намудан, тартиб додан ва ба нашр расонидани маҷмуи зарбулмасал, мақол, шеър ва суханҳои пандомӯз мақсади алоҳида набуд. Солҳо ҳангоми мутолиаи рӯзнома, маҷалла, рисола ва китобҳо суханҳои пандомӯзеро, ки ба назарам бештар писанд меомаданд, интихобан рӯйнавис намуда, сари чанд вақт онҳоро мутолиа менамудам. Баъзеашонро дар кор ҳангоми навиштани мақолаву рисолаҳо истифода мебурдам. Ин суханҳо батамом ҳамкору ҳамсафару ҳамрози ман буданд»,-навиштааст муаллиф дар сарсухани китоб.
Китоб барои оммаи васеи хонандагон тавсия дода мешавад. Тавре дар саҳифаи аввали китоб омадааст, дар шакл ва забони асл овардани ин суханҳо, то ҳадди имкон кӯшиши нигоҳ доштани моҳияти матн ва дастрасии бештари хонандаи муҳтарам ба забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.
Дар китоб он зарбулмасал, мақол ва суханҳои пандомезе интихоб шудаанд, ки ба назари муаллиф рӯзмарра буда, бештар ба забони асл рӯйи чоп оварда шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд






