ҶАШНИ МЕҲРГОН. Дар Душанбе 15 октябр Иди Меҳргон бо шукуҳи хосса таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивал-намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ҳамчунин 15 октябр дар мамлакат Рӯзи кишоварзон маҳсуб мешавад. Набояд фаромӯш намуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ба таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии ҷумҳурӣ бо маводи хӯрокворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд.
Барномаҳои ҷашнӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт соати 09:00 оғоз меёбанд.
Дар саҳни ҷашнгоҳ деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон менамоянд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода гардида, ҳунармандони мардумӣ осори дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд. Зеро Меҳргон ҷашне аст, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишот ҳамроҳ меоварад ва таҷлили пуршукуҳи он башорати рӯзгори босаодат аст.
Ҳамчунин дар ин рӯз баргузории барномаҳои фарҳангию театрӣ дар назар буда, ба иштирокчиён ва кишоварзон туҳфаю ифтихорномаҳо тақдим мегарданд.
Дар намоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Донишкадаи аграрии Тоҷикистон ва фаъолони вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 дар ҷумҳурӣ Иди Меҳргон чун иди миллӣ таҷлил мешавад. Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайра аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор менамуданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд.
Ба ин маънӣ, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин, ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба шумор меравад.
Яъне ниёгони мо дар айёми баҳор бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон ба корҳои кишоварзию боғдорӣ оғоз намуда, дар фасли тирамоҳ маҳсули заҳмати худро ҷамъоварӣ менамуданд, баъди ҷамъоварии ҳосил ҷашн меоростанд ва бо шодиву хурсандӣ якдигарро муборакбод мегуфтанд».
Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассуми суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Аз ин рӯ ин ҷашн ҳар сол бо шукуҳу шаҳомати хосса дар мамлакат таҷлил мешавад.
Меҳргон воқеан ҳам ҷашни мардумӣ буда, маҳбубияти он аз замонҳои бостон то ба рӯзгори мо расидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад






