Ба хоҷагиҳои тухмипарвари Тоҷикистон техникаҳои кишоварзӣ супорида шуданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ба хоҷагиҳои тухмипарвари ҷумҳурӣ дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» техникаҳои кишоварзӣ супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзӣ хабар доданд.
Ба хоҷагиҳои тухмипарвари мамлакат техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла — 20 испор, 15 нармкунак, 13 тухмипошаки пахта, 13 тухмипошаки ғалладонагиҳо, 4 тухмитозакунак, 15 картошкаканак, 15 картошкашинонак, 2 заминҳамворкунак, 4 пахтатозакунак ва 4 тойбанди пахта супорида шуд.
Зимни супоридани техникаҳои кишоварзӣ таъкид гардид, ки дар марҳилаи оянда ба хоҷагиҳои мазкур бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани ваъзи моддиву техникияшон техникаҳои кишоварзӣ дастрас карда мешаванд.
Хоҷагидорон барои дастгириҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуда, гуфтанд, ки дар ҷавоби ин ғамхориҳои пайваста дар рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд.
Маҳз дар доираи ин лоиҳа соли 2022 барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар мавсими соли 2023 ба миқдори 280 тонна тухмии гандум бо иловаи 3507,4 тонна нуриҳои минералӣ харида шуда, дар асоси шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳои тухмипарвар барои такрористеҳсолкунӣ дастрас гардид. Дар натиҷа имсол ҳосили хуб ба даст оварда шуд.
Дар доираи лоиҳа барои кишти соли 2024 гандуми тухмии гурӯҳи элитаи навъҳои «Гром» 150 тонна, «Алексеич» 200 тонна, «Тимирязевка 150» 150 тонна бо иловаи 1250 тонна нурии минералӣ харидорӣ гардидааст, ки ба хоҷагиҳо дастрас мегардад.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






