Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар Хоруғ мусобиқаи қаиқронӣ доир шуд

Октябрь 2, 2023 18:11

ХОРУҒ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Хадамоти оташнишон ва Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хоруғ ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ (13 октябр) дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ мусобиқаи қаиқронӣ ва машқи тактикии наҷоти кӯдакону наврасон аз ғарқшавӣ дар об ба роҳ монда шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ҳамасола 13 октябр дар саросари ҷаҳон созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ ва волонтёрон барномаҳои гуногуни зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ баргузор менамоянд. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ  ва дигар сохторҳои наҷотдиҳӣ дар ҳавзи Боғи фароғатии шаҳр мусобиқаи қаиқронӣ ва роҳҳои наҷоти одамон аз ғарқшавӣ дар обро баргузор намуданд. Дар ин мусобиқа толибилмон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 2-и шаҳр иштирок намуданд.

Сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудии Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандони вилоят Шуҳрат Шоисматуллоев қабл аз мусобиқа ва машқи тактикӣ дар мулоқот бо кӯдакону наврасон иброз дошт, ки мувофиқи маълумоти созмонҳои дохилию байналмилалӣ, Тоҷикистон дар баробари тағйирёбии иқлим яке аз минтақаҳои аз ҳама осебпазир ба шумор меравад. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ офатҳои табиӣ, ба мисли тарма, зилзила, селу сангфароӣ рух дода, ба ҷону моли мардум хатари ҷиддӣ мерасонанд.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, танҳо давоми 20 соли охир ҳамасола тақрибан 150 офати табиӣ рух медиҳад, ки дар натиҷа ин офатҳо ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари ҷиддии иқтисодию иҷтимоӣ  мерасонанд. Аз ин рӯ Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандон барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, омодагӣ ва вокуниш ба ҳар гуна офатҳои табиӣ барномаҳои махсус таҳия ва дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои наҷотдиҳӣ амалӣ менамояд. Бояд гуфт, ки аз ҳама қишри осебпазири ҷомеа- ин кӯдакон ҳастанд ва аз ин рӯ гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми таҳияи чорабиниҳо бештар ба ҳамин қишри ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Дар ҳавзи шиноварии Боғи фарҳангии шаҳр мусобиқаи қаиқронӣ ва усулҳои наҷотдиҳӣ аз ғарқшавӣ баргузор гардид. Мақсади баргузории ин мусобиқа боз ҳам такмил додани малакаву маҳорати қаиқронии гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ мебошад, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ бе ягон таъхир сари вақт   ҷони осебдидагонро аз хатару таҳдиди ғарқшавӣ бояд  наҷот диҳанд.

Пас аз мусобиқаи варзишӣ ва машқи тактикӣ бо иштироки кӯдакону наврасон бозии зеҳнию маърифатӣ баргузор гардид ва хонандагон ба суолҳои марбут ба офатҳои табиӣ, ба мисли тарма, сел, сангфароӣ, сабабу роҳҳои наҷоти одамон аз ин офатҳо ҷавобҳои муфассал доданд. Кӯдакону наврасон ҳамчунин аз роҳбарияти Раёсати фавқулода хоҳиш намуданд, ки дар оянда ба ин гуна мусобиқаву маҳфилҳо волидони онҳоро низ даъват намоянд, ки ин аз тарафи масъулини раёсат бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳор доштанд, ки ғолибони ин бозии зеҳнию маърифатӣ дар Рӯзи байналмилалии паст намудани хавфи офатҳои табиӣ, ки ҳамасола дар ҷаҳон 13 октябр баргузор мегардад, бо мукофот ва туфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 2, 2023 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад