Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар Истаравшан синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд

Октябрь 1, 2023 13:11

ДУШАНБЕ, 01.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар деҳаи Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан 4 синфхонаи иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ба номи Мирзиё Ҳабибов мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Синфхонаҳо дорои шароити муосир ва муҷаҳҳаз бо ҳама намуди ашёи таълимӣ буда, сохтмони он моҳи июни соли 2023 оғоз гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сокинони деҳаи Қалъачаи Калон, дастгирии соҳибкорон ва кумитаи падарону модарон бунёд ёфт. Синфхонаҳои мазкур дар ду баст 240 нафар хонандаро ба таълим фаро мегиранд.

Масоҳати умумии муассиса 4 гектарро ташкил дода, аз 3 бино ва 45 синфхонаи калону барҳаво иборат мебошад.

Дар муассисаи мазкур 74 нафар омӯзгорон фаъолият бурда, аз ин теъдод 34 нафарашонро занҳо мебошанд. Дар мактаб 1474 нафар толибилмон (767 нафар духтар) таҳсил менамоянд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани чор синфхонаи иловагӣ мушкилии ҷойи нишаст дар ин муассисаи таълимӣ бартараф гардид.

Раиси шаҳри Истаравшан ба ташаббускорону саҳмгузорон арзи сипос намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ дастур дод.

АКС: Маркази матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Октябрь 1, 2023 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид