Барқарорсозии равонии муҳоҷирони баргашта: бартарафсозии қолабҳо ва дастрасӣ ба кумаки равонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 09.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола шумораи зиёди одамон аз Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи кор ба хориҷи кишвар мераванд, ки аксари онҳо мардонанд, муҳоҷирони мавсимии кӯтоҳмуддат (75%). Асосан сокинони деҳот (85%) аз 15 то 44 сола мебошанд[1].

Муҳоҷирон, маъмулан, аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия мераванд, ки ин ба низоми бераводид байни кишварҳо, робитаҳои таърихӣ, мавҷудияти ҷамъиятҳои тоҷикон ва шабакаҳои муҳоҷирон, баланд шудани маош ва талабот ба қувваи корӣ вобаста мебошад. Ҳангоми кор дар Русия на ҳама муҳоҷирон асноди заруриро барои қонунӣ кардани мақоми худ мегиранд. Буду бош бидуни ҳуҷҷат шаҳрвандони моро осебпазир месозад: муносибатҳо бо корфармо ғайрирасмӣ мешаванд, муҳоҷир дар як рӯз беш аз 8 соат ва одатан дар шароити вазнини кору зиндагӣ кор мекунанд. Тибқи як пажӯҳиши Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, бисёре аз муҳоҷирони бозгашта дар ҳолати ҳассосияти баланд, ба истилоҳ (стресс) қарор доранд[2].

“Имсол ман бори аввал дар 18 соли охир зодрӯзамро бо аҳли оилаам ҷашн гирифтам, ба ҷои шодӣ гиря кардан мехостам, гӯё ин бароям бегона буд ва ман маҷбур шудам, ки дубора сухан гуфтанро ёд гирам, бо одамон дар тамос шавам, табрику таманниётҳоро кабул карда, меҳру муҳаббат ва ғамхории наздиконамро эҳсос кунам, зеро ман муддати дароз аз ҳамаи ин маҳрум будам. Дар муҳоҷирати меҳнатӣ бисёр вақт аз муошират дур мешудам, рӯзе 12 соат фаррош кор мекардам, шабро дар ҷойҳои гуногун мегузарондам, гоҳе ҳуҷраҳо торик ва намнок буданд, гоҳе ҳатто чароғро рушан намекардам, то ки як танга ҷамъ карда, ба писарам ба хона фиристам. Ҳамаи ин ба саломатиам ва муносибати ман ба одамон таъсир расонд. Фишори хунам баланд буд ва худро хеле бад ҳис мекардам. Баъдан бехобӣ ба ин илова гашт, гарчанде ки хоб рафтан мехостам, аммо шабона дасту пойҳоям карахт шуда, дарди шадид оғоз меёфт. Имрӯз ман дар хона ҳастам ва аллакай медонам, ки агар худро бад ҳис кунам, оилаам ба кӯмакам меояд” — Фирӯза М.

Саргузашти Фирӯза, сокини яке аз рустоҳои Тоҷикистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки худи муҳоҷират барои ҷисми инсон алакай як вазъияти шадидест. Ҳолати руҳию равонӣ аз он вобаста аст, ки муҳоҷир бо кадом мушкилот рӯбарӯ мешавад ва чӣ гуна онро ҳал мекунад. Ин барои як муҳоҷир шояд мушкилот ночиз ба назар расад, дар ҳоле ки барои шахси дигар метавонад боиси фишори доимии патологии равонӣ (ба истилоҳ дистресса) гардад.

Барои дарки беҳтари робита миёни муҳоҷират ва саломатии муҳоҷирон, СБМ Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Хазинаи Рушди СБМ (IDF) дар соли 2022 тадқиқоти босифат анҷом дода, гузориши “Масъалаҳои солимии равонии муҳоҷирони кории баргашта аз Тоҷикистон ва таҷрибаи онҳо ҷиҳати муроҷиат ба кӯмаки тиббӣ ва дастгирии равонию иҷтимоӣ”-ро, таҳия кардааст.

Усули тадқиқот аз таҳлили заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, баррасии адабиёти мавҷуда, мусоҳибаҳо бо коршиносон, муҳокимаҳо дар гуруҳҳои мақсаднок ва 50 мусоҳибаи амиқ бо муҳоҷирони кории баргашта дар 10 минтақаи Тоҷикистон (Душанбе, Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҳисор, Бохтар, Панҷ ва Кӯлоб) иборат буд.

Зиёда аз нисфи пурсидашудагон қайд карданд, ки онҳо бо сабабҳои соматикӣ (дарди сар, хастагӣ, норасоии нерӯ, дарди беидуни сабаб дар тамоми бадан, мушакҳо, шикам, вайроншавии хоб, фишорбаландӣ, мушкилоти иштиҳо) ба духтурони гуногун борҳо муроҷиат кардаанд; аломатҳои аффективӣ (асабоният, хашмгинӣ, ҳимоя карда натавонистани эҳсосот, гум шудани ҳиссиёти хуб ё кайфият, рӯҳафтодагӣ, бад шудани ҳолати равонӣ, фикрҳои худкушӣ); зуҳуроти дарки маънӣ (мушкилоти хотира ва тамаркуз); рафторӣ (дурӣ ҷустан аз муошират бо одамони дигар) ва ихтилоли саломатӣ. Одатан, табибон намедонанд, ки ҳамаи ин мушкилот метавонанд нишонаҳои стресс ва депрессияи дарозмуддат бошанд. Аз сабаби набудани ҳуҷҷатҳои клиникии тасдиқшудаи ташхис ва табобат, ин нишонаҳо аксар вақт аз ҷониби табибони оилавӣ ҳамчун зуҳуроти дигар бемориҳо арзёбӣ мешаванд. Аз ин рӯ, беморон табобати дарозмуддати бесамар мегиранд, ки баъзан боиси бад шудани вазъи бемор мегардад.

Ҳангоми суханронӣ дар мавриди дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, мушкилоти норасоии кадрҳои тиббӣ, аз ҷумла дар байни табибони оилавӣ, равоншиносон-наркологҳо ва мутахассисони соҳаи барқарорсозиро қайд кардан зарур аст. «Имрӯз дар ҷумҳурӣ норасоии кадрҳо дар соҳаи равоншиносӣ хеле зиёд аст. Дар ин ҷо 74 нафар кор мекунанд, ки 23 нафарашон нафақахуранд, аз ҷумла худи ман дар нафақаам ва боз 182 нафар равонпизишкони сохибихтисос намерасанд» — мегуяд сарравоншиноси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Хуршед Қунғуротов.

Гарчанде давоми 10 соли охир шумораи духтурон зиёд шуда бошад ҳам, масъалаи норасоии кадрҳои тиббӣ ҳанӯзам нокифоя аст: ба сари ҳар 10 хазор нафар аҳолӣ 21,2 духтур ва 58,6 нафар коркунони миёнаи тиб рост меояд[3]. Агар дар шаҳри Душанбе ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ 83,2 табиб рост ояд, ин рақам дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 11,6 нафар ба ҳар 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои равонию иҷтимоӣ, бахусус дар манотиқи дурдасти кишвар, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи духтурони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) (ки таълими махсус гирифтаанд) ташхис ва табобати бемориҳои маъмули равониро муқаррар кардааст. Аммо, дар асл, КАТС аксар вақт барои ташхис ва табобати ихтилоли равонӣ донишу малакаи кофӣ надоранд.

Мушкилоти доғгузорӣ ва табъиз

Сарравоншиноси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор Хуршед Кулмуродович Қунғуротов мушкили доғгузорӣ ва табъизи солимии руҳию равонии инсонро дар ҷомеаи мо монеаи ҷиддӣ дар роҳи дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ мешуморад. Аксар вақт муҳоҷирони бозгашта дар бораи мушкилоти мавҷудаи ҳолати руҳию равонии худ солҳо хомӯшӣ ихтиёр намуда, сари вақт ба равоншиносу асабшинос муроҷиат намекунанд ва худтабобаткуниро афзалтар медонанд ва ё аз хизмати табибони халқӣ, ҷодугарон, экстрасенсҳо, фолбинҳо ва дигар корчаллонҳое, ки аз мусибати инсон манфиат меҷӯянд, муроҷиат мекунанд.

«Зиёда аз 40 сол мешавад, ки ман ба ҳайси табиби равонпизишк кор мекунам ва ҳар дафъа бо ҳамон доғе, ки дар тамоми марказҳои солимии равонӣ гузоштаанд – «куктош, девона хона» дучор мешавам, ин табъизи комил ва беэҳтиромӣ нисбат ба одамони ниёзманд ба кӯмаки равонӣ аст, чунки аз дучор шудан ба ин ҳолат ҳеҷ кас эмин нест”, — мегӯяд Хуршед Қунғуротов. «Гузашта аз ин, ин доғгузорӣ на танҳо муҳоҷирон, балки ҳамаи одамонеро, ки мехоҳанд ба мо муроҷиат кунанд, метарсонад, зеро онҳо фикр мекунанд, ки баъдан ин калима онҳоро тамоми умр думболагир мешавад. Оё медонед, ки сари вақт расонидани ёрии равонӣ ба ниёзмандон то чӣ андоза муҳим аст?! Дар таҷрибаи ман, миёни муҳоҷирони кории баргашта, ки дар ҳолати афсурдагӣ баргаштанд, нафароне буданд, ки майлу васвоси худкушӣ ва фикрҳои худнобудкунӣ доштанд. Шояд одамони дигар фишори тӯлонӣ дошта бошанд ва агар табобат накунанд, он бо тарзҳои гуногун зоҳир мешавад ва дар натиҷа на танҳо худи шахс, балки атрофиён низ азият мекашанд». Доктор Қӯнғуротов қайд кард, ки мардони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, ба хонаҳояшон бо одати майнушӣ меоянд, ки ин боиси сар задани шаклҳои гуногуни рафтори «хатарнок» (таҷовузкорӣ, ҷанҷол ва ғ.) мегардад. Ин дар навбати худ метавонад боиси хушунати хонаводагӣ нисбати аъзои оила, бахусус занону кӯдакон гардад. Дар робита ба ин, масъалаҳои дастрасӣ ба хизматрасониҳои равонию иҷтимоӣ, инчунин ёрии тиббӣ ба муҳоҷирони баргашта ва аъзои оилаи онҳо махсусан муҳим мегардад.

    Стратегияи тандурустӣ дар самти беҳтар намудани солимии равонии аҳолӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои миллӣ оид ба як қатор бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, аз ҷумла ВНМО, сил, диабети қанд ва ғайраро таҳия ва амалӣ менамояд. Ғайр аз ин, Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) барои давраи то соли 2030 қабул гардид (Замимаи 1-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, № 414), ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он «таҳия ва ҷорӣ намудани дастурҳои амалияи клиникии ташхиси бармаҳал ва муолиҷаи ихтилоли соматикӣ, репродуктивӣ, сироятӣ, психоневрологӣ ва ихтилоли равонӣ» мебошад.

Нақшаи татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолӣ (ҶТ) [4] фаъолиятҳоеро дар бар мегирад, ки ба паст кардани паҳншавии фишори равонию иҷтимоӣ, инчунин таҳлил, омӯзиш, қабул ва татбиқи протоколҳои клиникии фарогир, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) барои пешгирӣ ва назорати бемориҳои рӯҳӣ дар сатҳи аввалияи тиббию санитарӣ тавсия шудаанд, равона гардидаанд.

Илова бар ин, дар назар аст, ки ҳамкориҳо бо кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон тавассути ҳамоҳангсозӣ ва амал дар робита ба масъалаҳои саломатии фаромарзӣ, бахусус дар масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани дастрасии муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба хадамоти тиббӣ ва беҳдоштӣ васеъ карда шавад[5].

Ба эътиқоди коршиноси байналмилалии СБМ Наталя Зотова, Тоҷикистон метавонад тавассути таҳияи Барномаи миллии солимии равонӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва дигар шарикон як пешрафти бузурге намояд, зеро чунин таҷриба дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол вуҷуд надорад. «Бо ин роҳ, метавон зина ба зина мушкилоту вазифаҳои ба ҳам алоқаманд, аз ҷумла ҳамгироӣ ва қабули протоколҳои байналмилалӣ ва стандартҳои умумӣ, беҳтар намудани робита ва сатҳи огоҳии табибони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав дар донишгоҳҳои тиббӣ, аз қабили равоншиноси клиникӣ, ки дар як қатор кишварҳо хеле маъмуланд, вале дар Точикистон ин ихтисос ҳануз вуҷуд надорад.

Солимии равонӣ ба бисёр ҷанбаҳои ҳаёти худи муҳоҷир, оилаи ӯ ва дар маҷмӯъ ҷомеа таъсир мерасонад. Ҳатто депрессияи оддӣ дар шаклҳои мураккаб метавонад ба маъюбӣ оварда расонад. Бесабаб нагуфтаанд, ки стресс мекушад ва ин шӯхӣ нест. Аз ин рӯ баргузории маъракаҳои иттилоотӣ дар ҳама сатҳҳо ва роҳандозии муколамаи бисёрсоҳавӣ хеле муҳим аст, то ки ин мушкилотро ба миён оварада, доғгузориро дар робита ба расонидани кӯмаки равонӣ ба ҳадди ақал расонем».

Шоира Тоирова,
журналист

[1] Тибқи гузориши Бонки Осиёии Рушд “Тақвияти дастгирии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон: арзёбӣ ва тавсияҳо” барои соли 2020

[2] Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ), 2023. Мушкилоти солимии равонии муҳоҷирони кории баргашта аз Тоҷикистон ва таҷрибаи онҳо дар ҷустуҷӯи кӯмаки тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ. СБМ, Женева

[3] Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Замимаи 1 ҚҲҶТ аз 30 сентябри соли 2021, № 414. – С.14. Манбаи электронӣ —  http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=140295

[4] Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 барои солҳои 2021-2023 (Замимаи 2 ҚҲҶТ аз 30 сентябри соли 2021, № 414) – С.11. Манбаи электронӣ —http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=140295

[5] Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Замимаи 1 ҚҲҶТ аз 30 сентябри соли 2021, № 414. – С.46. — Манбаи электронӣ —  http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=140295

Октябрь 9, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд