Бар асари тӯфони Отис дар Мексика 27 нафар ҳалок шуд
ДУШАНБЕ, 27.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари тӯфони шадиди «Отис», ки дар соҳили ҷанубу ғарбии Мексика ба амал омад, 27 нафар ҳалок шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии БелТА бо истинод ба «Euronews» хабар додааст.
Дар маводи «Euronews» оид ба харобиҳои ҷиддӣ ва фурӯпошии селҳо дар иёлати Герреро гуфта шудааст. Осоишгоҳи маъмули Акапулко зарари калон дида, аз сабаби ҳавои номусоид фурудгоҳи шаҳр муваққатан баста шудааст.
Тағйирёбии иқлим дар сайёра, ки аз гармшавии глобалӣ ба вуҷуд омадааст, боиси баланд шудании ҳарорати об дар баҳрҳо ва уқёнусҳо мегардад, ки дар натиҷа шиддати тӯфонҳо меафзояд. Ба гуфтаи коршиносон, ҳангоми аз болои уқёнус гузаштан онҳо на танҳо суст намешаванд, балки баръакс, ба нишондиҳандаҳои авҷи худ мерасанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд






