БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ доир гардид

Октябрь 27, 2023 16:12

ДУШАНБЕ, 27.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) ва  гиромидошти хотираи доктори илмҳои химия, профессор, академики АМИТ Ҳайдар Сафиев дар мавзуи «Рушди самтҳои илмии нав дар химия ва технологияи химиявӣ» Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Ҳайдар Сафиев солҳои 2001-2005 роҳбарии Донишгоҳи миллиро ба зимма дошт. Ҳайдар Сафиев ҳамчун олим, роҳбар ва ташкилотчии моҳир тавонист дар ин давра Донишгоҳро ба пойгоҳи хуби илмиву таълимӣ ва маърифатӣ дар ҷомеа табдил дода, шароити хуби иҷтимоӣ барои устодону кормандон муҳайё намояд.

Мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникӣ, таъсиси ихтисосҳои нави ба бозори меҳнат ҷавобгӯ, дар ин замина ташкили кафедраҳо ва таъсиси 2 факултет: фалсафа ва молиявию иқтисодӣ ва Институти илмию таҳқиқотӣ маҳз дар давраи роҳбарии Ҳайдар Сафиев дар донишгоҳ ба вуҷуд омадааст.

Факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз марказҳои асосӣ барои амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи химия ва саноати химиявӣ ба ҳисоб рафта, 65 сол аст, ки фаъолияти пурсамар дорад ва дар ин давра барои бозори меҳнат дар дохил ва хориҷи мамлакат зиёда аз 6000 нафар мутахассисонро бо тахассусҳои химиявӣ, муҳандисӣ ва технологӣ омода намудааст, ки имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни маорифу илм ва саноату истеҳсолот фаъолияти пурсамар доранд.

Рӯй овардан ба таҳқиқоти илмӣ, хусусан ба таҳқиқи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилаӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст.

Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илмҳои дақиқ рушд ёфта, пойгоҳҳои илмиву техникиашон рӯз аз рӯз беҳтар мешавад. Ҳамин аст, ки дар ин самт пайваста ҳамоишҳои байналмилалӣ амалӣ шуда, табодули афкор бо олимони хориҷи мамлакат зиёд мешавад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Октябрь 27, 2023 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд