Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Гӯшаи Корея ифтитоҳ ёфт

Октябрь 23, 2023 14:39

ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  21 октябр дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар заминаи шуъбаи забони кореягии факултети забонҳои Осиё дар  се синфхонаи мутобиқ ба замони муосир гӯшаи Корея мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки маҳз натиҷаи сиёсати дурандешона ва некбинонаи роҳбарияти олии ҳар ду давлат буд, ки мардумони ду мамлакат якдигарро ба ҳайси дӯсти боэътимод ва шарики нек дарёфта, дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим, хосса соҳаи илму маориф муносибатҳои мутақобилан судмандро амалӣ намуда, дар роҳи ноил гаштан ба ҳадафҳои дар назди худ гузошта қадамҳои устувор мегузоранд.

Тазаккур дода шуд, ки бо назардошти афзудани шумораи хоҳишмандони риштаи забони кореягӣ раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024 ихтисоси забони кореягӣ- омӯзгорро дар зинаи бакалавриат ва ихтисоси забони кореягӣ — тарҷумониро дар зинаи магистратура ташкил намуд.

Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз пазироии самимонаи тоҷикона изҳори хушнудӣ намуда, гуфт, ки саҳми раёсат ва омӯзгорони шуъбаи забони куриёии Донишгоҳ дар омода намудани мутахассисони забондон ва боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои гуногунҷабҳаи ду миллати ба ҳам дӯст бузург аст.

Дар идома чун рамзи дӯстӣ маҳфили фарҳангии сурурбахши тоҷиконаву кореягӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Октябрь 23, 2023 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд