Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Рӯзи забони давлатиро ҷашн гирифтанд

Октябрь 3, 2023 16:40

ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, ки дар он ҳайати профессорону омӯзгорон, олимони забоншинос ва донишҷӯён иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода таъкид намуд, ки ҳифзи забони миллӣ, арҷгузорӣ ба он яке аз  самтҳои муҳимтарини сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ҳамаи паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳифзу тозагии забони миллӣ таъкид мегардад.

«Президенти Тоҷикистон забони миллиро хишти нахустини пойдевори кохи миллат шуморида, ҳамагонро ба рушд додани он даъват менамоянд. Сиёсати Пешвои миллат дар соҳаи забони миллӣ сиёсати дурбинона ва созанда аст, сиёсате аст, ки бар асоси рушди ин рукни муқаддас дар ҷомеа, ҳифзи он аз зуҳуроти бегона,  таҳкими сулҳу ваҳдат, ободонии ҷумҳурӣ, тарғиби дастовардҳои истиқлол, эҳёи суннатҳои фаромӯшшуда ва дар зеҳни ҷаҳониён ба вуҷуд овардани имиҷи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ба роҳ монда  шудааст. Аз ин рӯ, ҳамаи мо ҷиҳати ҳамовозӣ, тарғибу ташвиқи  чунин сиёсат пайваста ҷаҳд меварзем ва  барои амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғайратмандона азму талош менамоем»,-афзуд ректори донишгоҳ.

Профессори кафедраи забони тоҷикӣ Саидмуроди Хоҷазод иброз дошт, ки  «забон рукни муҳимтарини бақои миллат, пойдевори устувори давлати миллӣ ва муҳимтар аз ин, воситаи муоширати ҷамъият  ва  василаи мубодилаи фикрии одамон мебошад, аз ин рӯ, дар замони истиқлол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушд, тозагӣ, омӯзиш ва густариши он дар тамоми соҳаҳои ҳаёт пайваста ҷаҳд меварзад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тарвиҷи забони тоҷикӣ роҳи васеъ кушод, бар мабнои ин қонун забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар тамоми муассисаҳои олии таълимии  ҷумҳурӣ  тадрис мегардад ва омӯзиши он дар факултаҳои ғайрифилологӣ низ ба роҳ монда шудааст». Мавсуф оид ба «Нақши забони миллӣ дар ташаккули худшиносии ҷавонон ва донишҷӯён» фикрҳои тоза пешниҳод намуд.

Дар ҳамоиш доир ба «Роҳҳои ҳифзи забони миллӣ аз хатарҳои ҷаҳонишавӣ», «Нақши Президент дар рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол» ва «Нақши забони миллӣ дар рушди худшиносии миллӣ ва иртиботи байнифарҳангӣ» ва «Забони тоҷикӣ-забони илм» аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ маърузаҳо хонда шуданд.

Қироати шеърҳо дар васфи забон, Ватан ва Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯён ба ҳамоиш шаҳомати тоза зам намуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Октябрь 3, 2023 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 7 медал шуданд
Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ ҳавасманд гардонида шуданд
Барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд