Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беҳтарин усули омӯзиш ва корбарӣ дар самти илм амалӣ мегардад

Октябрь 24, 2023 10:05

ДУШАНБЕ, 24.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба самти илм зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти илм баъзе камбудиҳо дида мешаванд. Аз ин рӯ, талабот ба самти корҳои илмӣ аз пештара бештар гардида, тадбирҳои нав рӯйи даст гирифта мешаванд. Ҳайати устодони кормандон бояд ҳамеша талош намоянд, ки беҳтарин усули омӯзиш ва корбарии самти илмро дар донишгоҳ амалӣ намуда, навгониҳои тозаро  ба нафъи илми мамлакат ҷорӣ созанд». Ин нукта зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо ҳайати кормандони бахши илми донишгоҳ изҳор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ хабар доданд, баъд аз силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултетҳо суҳбатҳо бо кормандони бахшҳои донишгоҳ гузаронида мешаванд.

Дар вохӯрӣ Ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти сохторҳои марбутаи бахши илм ибрози назар намуда, ҳалли якчанд масъалаҳоро муҳимтарин вазифаи кормандони бахш тафсир намуд.

Дар вохӯрӣ назорати баргузории ҳамоиши сатҳи донишгоҳию байналмилалӣ, пурзӯр намудани дастаи олимпӣ ва озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, назорати фаъолияти бахши илми факултетҳо дар самти баргузории маҳфилҳо, навиштани мақолаҳои илмӣ аз ҷумлаи масъалаҳои баррасишуда буданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Октябрь 24, 2023 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид