Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Иди Меҳргонро ҷашн гирифтанд

Октябрь 28, 2023 11:38

ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни кадимаи ниёгон — Меҳргон бо иштироки донишҷўёну омўзгорон ва меҳмонон маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар маҳфили фарҳангӣ таъкид гардид, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо ташаббусҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои таърихии миллӣ, аз ҷумла иди Меҳргон эҳё гардид. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либосҳои идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «Меҳргон ҷашни ниёгони мо, тантанаи заҳмати кишоварзон аст, ки ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон имкон пайдо шуд, ки дар қатори дигар арзишҳои неки гузаштагон ин ойини аҷдодӣ низ эҳё гардад. Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ бо доир намудани маҳфилу барномаҳои гуногуни фарҳангӣ бо шукуҳи хосса таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад».

«Меҳргон чун дигар ҷашну идҳои миллати куҳанбунёди тоҷик бо ибтикори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ заминаи мусоид мегузорад»,- афзуд Қобилҷон Хушвахтзода.

Зимни маърӯзаи олимон аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъкид гардид, ки гузаштагони мо Меҳргонро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳматҳои кишоварзон ҷашн мегирифтанд.

Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳ барномаи хотирмони фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод гардид.

Мавриди тазаккур аст, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2009 инҷониб иди Меҳргон дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешавад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Октябрь 28, 2023 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид