Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба нақши фолклори тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳфил доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Шинохти фолклори тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ» маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.
Дар маҳфил изҳор гардид, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пойдор гардидани сулҳу субот дар мамлакат илми фолклоршиносӣ низ сол то сол рушд ёфт. Олимони тоҷик ҳамвора дастовардҳои гузашта ва имрӯзаи фолклори тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
Ҳамзамон дар маҳфил оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони тоҷикӣ ва омӯзиши он дар сатҳи байламилалӣ, бахусус забони осори фолклорӣ сухан рафт. Иброз гардид, ки ҳоло риштаи нави забоншиносӣ бо номи «Лингвофолклористика» ба вуҷуд омада, дар ин соҳа аввалин китоб аз ҷониби профессор Равшан Раҳмонӣ зери унвони «Лингвофолклористика, этнолигвистика ва фолклор» (Масъалаҳои назарӣ, 2022) ба нашр расидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи истиқлолият бораи омӯзиш ва пажуҳиши фолклори тоҷикон беш аз 250 рисолаи илмӣ, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, барномаю маҷмуаҳо ба нашр расидаанд. Инчунин дар давраи Истиқлолияти Тоҷикистон рисолаҳои илмӣ дар риштаи фолклоршиносӣ бештар дифоъ шудаанд. Дар ин давра кори майдонии донишҷӯён низ фаъол шудааст, ки ҳар сол онҳо ба ин ё он минтақаи ҷумҳурӣ рафта, аз байни мардум фолклор гирд меоранд ва ба бойгонии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон месупоранд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






