Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ –назариявӣ баргузор мешавад

Октябрь 18, 2023 10:23

ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Конференсия бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир гардида, барои иштирок дар он  олимон, муҳаққиқон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои олии илмию таълимӣ, ки бо таҳқиқи мавзӯи конференсия шуғл доранд,  даъват карда мешаванд.

Дар конференсия  дар мавзуъҳои «Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии ҷумҳурӣ», «Конститутсия ҳамчун санади созишӣ ва ҷамъбасти ташаккули қонунгузорӣ», «Конститутсия – заминаи ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Моҳият ва мазмуни ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон», «Нақши ислоҳоти конститутсионӣ дар таъмини устувории истиқлолияти давлатӣ», «Конститутсияҳои Тоҷикистон: таърих ва имрӯз», «Тағйироту иловаҳои конститутсионии солҳои 1999, 2003, 2016 ва такмили Конститусия дар самти рушди истиқлолияти давлатӣ», «Рушди соҳаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ ва маъмурию ҳуқуқӣ дар замони соҳибистиқлолӣ», «Нақши Конститусия дар таҳаввулоти соҳаҳои ҳуқуқи Тоҷикистони мустақил», «Конститутсия ва рушди ҳуқуқи байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» ва ғайра  маърузаҳо пешниҳод мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2023 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид