Дар Душанбе бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ҳамоиш доир шуд

Октябрь 7, 2023 16:26

ДУШАНБЕ, 07.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ» таҳти унвони «Оилаи солим чист?» байни устодон, ҷавондухтарон ва ҷавонписарони шаҳри Душанбе машварати омӯзишӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мақсади асосии баргузории ҳамоиш- баланд бардоштани маърифати оиладорӣ оид ба бунёди оилаи солим, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии кирдорҳои номатлуб, пошхӯрии оилаҳои ҷавону пӯшидани либоси фарҳанги бегона дар байни ҷавондухтарон ва тарғиби тарзи ҳаёти солими бе зӯроварӣ дар оила мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Оилаи солим оилае аст, ки бунёдашро меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ асос мегузорад. Вақте талоши мо ба ободии ҷомеаи солим равона бошад, пас оилаи солим бояд дар меҳвари он қарор дошта бошад. Ободию муваффақияти ҳар оиларо маърифати баланди аъзои он шакл дода, нигоҳ медорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш дар мавриди пойдории оила баён доштанд, ки «умед дорам ҳар фарди бонангу номуси Ватан дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ саҳми муносиб мегузорад ва ба ин восита мақоми зан-модарро, ки нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишоти зиндагӣ мебошад, боз ҳам баланд мебардорад».

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе

Октябрь 7, 2023 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид