Дар Душанбе Форуми дуюми пенитенсиарӣ баргузор гардид

Октябрь 23, 2023 16:02

ДУШАНБЕ, 23.10.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дастгирии Вазорати адлияи мамлакат Форуми дуюми пенитенсиарӣ таҳти унвони «Рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар форум намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазирони маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин сафирони Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, роҳбари доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва дигар ҳамкорон дар соҳаи ислоҳоти мақомоти ҷазои ҷиноятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, сухан гуфтанд.

Дар форум иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2002 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» оид ба ҷорӣ намудани ислоҳот дар мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дастур дода буданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки  аз 31 декабри соли 2002 мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо тамоми сохтораш аз ихтиёри Вазорати корҳои дохилӣ пурра ба тобеияти Вазорати адлияи мамлакат гузаронида шуд.  Мақсад аз ин тағйироти сохторӣ, яъне аз тобеияти мақомоти қудратӣ баровардан ва ба ихтиёри сохтори шаҳрвандӣ гузаронидани мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ боз ҳам башардӯстона намудани раванди иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, бештар намудани кафолати риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии маҳкумшудагон, беҳтар сохтани шароити нигоҳ доштани шахсоне, ки дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ боздошт мешаванд, тавзеҳ дода шуд.

Моҳи декабри соли 2003 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои солҳои 2004-2008» қабул гардид, ки дар он самтҳои асосии рушди минбаъдаи соҳа муайян шуда буданд. Бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат соли 2011 Раёсати корҳои ислоҳӣ ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ табдил дода шуд. Соли 2020 Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»  ва соли 2021 Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи мазкур тасдиқ карда шуд.


Иттилоъ дода шуд, ки  Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти хориҷӣ ва намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ бо мароми муайян ҳамкории муфид ҷорӣ намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ чорабиниҳои якҷояро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ЮНИСЕФ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Духтурони бидуни марз, Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ шарикони доимӣ ба ҳисоб мераванд.

Бояд гуфт, ки мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар доираи ислоҳоти соҳа ба касбомӯзии маҳкумшудагон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва ҳоло дар назди муассисаи ислоҳии рақами 2 Литсейи касбӣ-техникӣ пурра фаъолият менамояд. Пешниҳоди мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои кушодани боз чор Литсейи дигари касбӣ-техникӣ дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Ваҳдат, Хуҷанд ва ноҳияи Ёвон мавриди баррасии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳоло дар филиалҳои Литсейи касбӣ-техникии амалкунанда 1250 нафар маҳкумшудагон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Дар муассисаҳои рақами 1 ва 4 бинои сехи дӯзандагӣ навсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин ва барои 120 нафар ҷойи кор муҳайё шудааст. Дар тавқифгоҳи тафтишотии рақами 1 бинои ошхона ва нонпазхона ва мутобиқгардонӣ барои 100 нафар аз таъмир бароварда шуд.

Баҳри ташаккули тарзи ҳаёти солим ва бо мақсади таъсиррасонӣ ба раванди ислоҳи маҳкумшудагон бо ҷалби ҳунармандони театрҳои ҷумҳуриявӣ намоишҳои театрӣ барои маҳкумшудагон гузаронида мешаванд. Соли гузашта бори аввал дар байни маҳкумшудагон озмунҳои гуногун, аз ҷумла дар партави озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» озмунҳои «Китобхони беҳтарин» ва «Шеъру ғазалсарои беҳтарин» бо риояи қоидаҳои дохилии муассисаҳо гузаронида шуданд.

Мақомоти ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ дар самти ҷалб намудани маҳбусон ба меҳнат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Зеро маҳкумшудагон дар ҷараёни иштирок дар истеҳсолот барои эҳтиёҷоти оилаҳояшон музди меҳнат мегиранд ва товони зарарро ҷуброн менамоянд. Инчунин таҳлил нишон медиҳад, ки меҳнат дар истеҳсолот ба ҷараёни ислоҳшавии онҳо таъсири мусбат мерасонад.   


Дар шашмоҳаи якуми соли гузашта 587 нафар маҳкумшуда аз низоми муассисаи ислоҳӣ ба колонияҳои сукунатӣ гузаронида шуданд. Дар ҳамин давраи соли равон 1105 маҳкумшуда ба колонияҳои сукунатӣ гузаронида шуданд, ки аз ин шумора беш аз 1000 нафар ба сохтмонҳои ҷумҳурӣ ва корҳои роҳсозӣ ҷалб гардидаанд. Маблағе, ки маҳкумшудагон кор мекунанд, барои ҷуброни молиявии зарардидагон ва пардохти қисме аз маош масраф мешавад.

Чанде пеш дар байни маҳкумшудагоне, ки бо ҷурми алоқамандӣ ба терроризм ва экстремизм маҳкум шудаанд, аз тарафи мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пурсиши беном (аноним) гузаронида шуд. Натиҷаҳои пурсиш нишон доданд, ки аксарияти онҳо (70 фоиз) аз ҳисоби ҷавонони аз 18 то 40 сола буда, аз нисф зиёдашон (62 фоиз) соҳиби маълумоти миёнаи нопурра ва пурра мебошанд. 41 фоизи маҳкумшудагон ҳангоми дар хориҷи мамлакат дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан фирефтаи гурӯҳҳои тундрав гардидаанд. 70 фоизи пурсидашудагон иқрор шудаанд, ки  бо сабаби паст будани дониши дунявӣ ва динӣ ба равияҳои террористӣ-экстремистӣ ҳамроҳ шуданд. Ҳамчунин 67 фоиз эътироф намудаанд, ки дар натиҷаи ташвиқу тарғиби ғояҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба ҷиноят заданд. Натиҷаҳои ин пурсиш пурра ва мукаммал шуда, барои омӯзиш ба мақомоти дахлдор пешниҳод мешаванд.

Дар доираи ислоҳот ҳамаи китобхонаҳои муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз таъмир бароварда шуда, 5 000 нусха китобҳои тозанашр харида шуданд. Дар муассисаи ислоҳии 3/1 сохтмони 13 китобхона ба анҷом расида, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шудаанд. Дар ҳамаи сохторҳо хати радиоӣ гузаронида шуда, дар толорҳои фарҳангиву тарбиявӣ ва саҳни муассисаҳо телевизиорҳо насб ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Солҳои охир байни маҳкумшудагони муассисаҳои ислоҳӣ, новобаста аз низомашон мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, шоҳмоту шашка, тенниси рӯи миз, бандкашӣ ва ғайра гузаронида мешаванд. Ғолибон бо ифтихорномаҳо, раҳматномаҳо, ҷом ва туҳфаҳои қиматнок сарфароз гардонида шуда, ҳар иштирокчии мусобиқаҳо бо вохӯрии дарозмуддати ғайринавбатӣ (3 шабонарӯз) ва 1 соат гуфтугӯи телефонӣ ҳавасманд мешаванд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки ин тадбирҳо самараи нек доданд, аз ҷумла, дар шаш моҳи соли равон 92 маҳкумшуда пеш аз муҳлат аз иҷрои ҷазо озод гардид.


Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 Қонун дар бораи авф ба имзо расида, талаботи онҳо нисбат ба бештар аз 110 ҳазор маҳкумшуда татбиқ гардидааст, аз ҷумла зиёда аз 40 ҳазор маҳкумшуда аз идомаи ҷазо озод шудаанд.

Умуман Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо дастгирӣ ва мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи шарикони хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардонидани шароити нигаҳдории маҳкумшудагон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ тадбирҳои заруриро татбиқ намуда, ин равандро оянда низ идома медиҳад.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи ислоҳоти низоми ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ мешавад. Аз ҷумла дар доираи ин Стратегия санаду ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоти хориҷӣ дар сатҳи баланд нигоҳ дошта мешаванд ва тариҷан шароити будубоши маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мегардад.

Иштирокдорони Форуми дуюми пенитенсирӣ ҳамчунин оид ба дастгирии ҳуқуқҳои шахсии маҳкумшудагон, мутобиқати шахсони аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ баромада, барқарорсозӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғон дар давраи адои ҷазо ва баъди озод шудан аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ: тақвият ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ, таъсиси хадамоти пробатсионӣ ва рушди ҷазои алтернативӣ ва дигар мавзуъҳои соҳа мулоҳизаҳои худро баён ва таклифҳо  пешниҳод намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 23, 2023 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРМАФАРОӢ. Барои пешгирии ин офати табиӣ кадом корҳоро бояд анҷом дод?
Соли 2025 барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ «Соли таъмини сифати таҳсилот» эълон гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бинои нав сохта мешавад
Соҳибкасб намудани шаҳрвандон кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Инсон ба бемории гайморит аз беэҳтиётӣ нисбат ба саломатӣ гирифтор мешавад
Чаро кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд?
Соли 2024 фаъолияти беш аз 600 иншооти соҳаи тандурустӣ муваққатан манъ карда шуд
Вобаста ба нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад
Дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсис ёфт
Мавҷудияти деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҷони нафарони зиёдро наҷот додааст
«ЗАНОН ВА ПАЁМ». Дар Хатлон 50 ҳазор занон дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд