Дар Душанбе масъалаи ҳамкории илмию пажуҳишии марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуд

Октябрь 19, 2023 17:21

ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр вохӯрии Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов ва муовини директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Сакуов баргузор гардида,  масъалаҳои ҳамкории илмию пажуҳишии марказҳои зеҳнии ҳарду давлат мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Иброз гардид, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии Сарварони сиёсии худ дар ҳама бахшҳо намунаи беҳтарини ҳамкориро амалӣ намудаанд. Барои рушди бештар дар баробари дигар мақомоту идораҳо ва татбиқи ҳадафҳои муштарак марказҳои таҳлилии моро зарур аст, ки ҳамкории васеи илмӣ-таҳлилӣ ва машваратиро тақвият бахшанд.

Дар мулоқот ба ҳамтои қазоқистонӣ оид ба самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳлилии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон маълумоти муфассал ироа гардид. Аз ҷумла, иброз шуд, ки Марказ барои ҳамкории минбаъда ва баргузории пажуҳишҳои муштарак бо Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамеша омода мебошад.

Изҳори боварӣ шуд, ки робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, илмиву адабии Тоҷикистон ва Қазоқистон минбаъд низ густариш ва равнақ меёбанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2023 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид