Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2023» доир мегардад

Октябрь 9, 2023 17:19

ДУШАНБЕ, 09.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12-14 октябр дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2023» баргузор мегардад, ки дар он ширкатҳои сохтмонӣ аз 5 давлати хориҷӣ иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоиши  «TajBUILD-2023» беш аз 80 ширкати сохтмонӣ аз Федератсияи Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, техника, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъморӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Намоишгоҳ майдони бузурги имконият барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони соҳаи сохтмонӣ мегардад, ки метавонад сабаби шарикӣ ва ҳамкори нав пайдо намудани ширкатҳои дохиливу хориҷӣ гардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 9, 2023 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд