Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Федератсияи Русия доир мегардад
ДУШАНБЕ, 14.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Русия баргузор мешавад, ки он дар доираи баргузории Синамоҷашнвораи якуми Байналмиллалии Душанбе доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Чорабинии мазкур дар Кинотеатри «Наврӯз» доир гардида, соати 18-00 оғоз меебад. Иштирокдорони ин чорабиниро барномаи хуби фарҳангӣ интизор аст.
Ҳамзамон дар ин рӯз филми ҳунарии «Аз чашм дуру ба дил наздик» (Далёкие близкие) намоиш дода мешавад.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» аз 15 то 19 октябри соли 2023 баргузор шуда, он таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» мегузарад.
Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ба Рўзи кинои тоҷик бахшида шуда, бо ибтикори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҳамчунин баргузории чорабиниҳои зерин: нишасти матбуотӣ, Форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии коргардон, ҳунарпеша ва асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов таҳти унвони «Эҳёи синамо» бо иштироки синамогарон, киношиносон ва мутахассиони соҳа, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон, Намоиши аксҳо бахшида ба шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри ман-хонаи ман», дарси «Устод ва шогирд» барои омӯзандагони Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатторӣ ва ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назар аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






