Дар Хадамоти иҷрои Тоҷикистон барномаи электронии низоми истеҳсолоти иҷро муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии барномаи электронии низоми истеҳсолоти иҷро баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти иҷро.
Дар ҳамоиш кормандони Хадамоти иҷро, роҳбарият ва кормандони барномаи «Мусоидат ба волоияти қонун дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ»-и ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода иброз дошт, ки «истифода ва ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар фаъолияти Хадамоти иҷро аз манфиат холӣ набуда, ба иҷрои саривақтӣ ва босифати санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, баланд бардоштани дараҷаи шаффофияти ошкорбаёнии иттилоот дар барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани сифати ҷараёнҳои маъмурию идоракунӣ, таъмини фаврият, назорати натиҷаи фаъолият ва таъмини сатҳи тақозошавандаи амнияти иттилоотии ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд. Ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳои ҳукумати электронӣ бо дастгирии барномаи «Мусоидат ба волоияти қонун дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) барномаи электронии низоми истеҳсолоти иҷро омода гардид.
«Дар сохтори Хадамоти иҷро шуъбаи пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил шудааст. Дар айни замон ба ин феҳрист 7 303 нафар шахсони воқеӣ ва 234 шахсони ҳуқуқӣ ворид шудаанд.
Хадамот бо мақсади рушди ҳамкории байналмилалӣ бо намояндагони Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон, Вазорати адлияи Беларус, Хадамоти иҷрои маҷбурии Арманистон ва барномаи «Мусоидат ба волоияти Қонун дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) баҳри омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои дигар ҳамкориро тибқи ёддоштҳои тафоҳуми ба имзорасида идома медиҳад»,- афзуд Барно Саидвализода.
Роҳбари барномаи «Мусоидат ба волоияти қонун дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) Александр Тэннасэ низ оид ба густариши ҳамкории дуҷониба ибрози андеша намуда, умед бар он намуд, ки барномаи электронии низоми истеҳсолоти иҷро барои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти минбаъдаи Хадамоти иҷро ва амалӣ намудани ҳадафҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат додани ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд.
Зимни ҳамоиш тартиби истифодаи барномаи электронӣ ба ҳозирин намоиш дода шуда, аз тарафи барномасозон иброз гардид, ки ҳоло он пилотӣ буда, чор ноҳияи шаҳри Душанберо дар бар мегирад ва давоми шаш моҳи минбаъда барнома такмил дода мешавад.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






