Дар Хатлон омӯзгорони ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд

Октябрь 12, 2023 10:06

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 11 октябр дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» ва «Маснавихонӣ» доир гардид. Дар  ин маросим ҳамчунин  устодони ғолибони  ин озмунҳо қадршиносӣ гардиданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар заминаи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ қарорҳои раиси вилояти Хатлон тасдиқ гардида, барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ғолибону устодони онҳо дар маҷмуъ 1 миллиону 481 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2022  853 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар сатҳи озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла дар Озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» дар даври вилоятӣ 186 нафар довталаб иштирок намуда, 23 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт, 4 нафар соҳиби ҷойи якум, 3 нафар соҳиби ҷойи сеюм ва 8 нафар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид.

Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 704 нафар довталаб иштирок намуда, 115 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт, 4 нафар соҳиби Шоҳҷоиза, 2 нафар соҳиби ҷойи якум, 6 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 10 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардид.

Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 1042 нафар довталабон иштирок намуда, 128 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1138 нафар довталабон иштирок намуда, 110 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» оинаи таърихи миллат» 339 нафар довталабон иштирок намуда, 24 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд ва ҳоло ҷиҳати иштирок дар он омодагӣ мебинанд.

Дар вилояти Хатлон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмунҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дар маркази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳо нақшаи чорабиниҳо ва ҷадвали баргузории озмунҳо омода шудааст, ки сабқат дар асоси онҳо ҷараён мегирад.

Ҷараёни озмунҳо нишон дод, ки шавқу ҳаваси на танҳо хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, косибон, кишоварзон, нафақахӯрон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср хеле афзудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Октябрь 12, 2023 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 132 довталаби пойтахт ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Дар Истаравшан ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» моҳи сентябр баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ашт ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
4852 нафар довталаб ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
34 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Даври дуввуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 10 июн оғоз мешавад
Дар Австрия барои шаҳрвандони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ноҳиявии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» доир гардид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт