Дар Хоруғ бо волидайн оид ба мавзуи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ баҳри дар амал татбиқ намудани бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 12 октябр дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат бо иштироки раиси шаҳр бо волидон, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Зимни мулоқот оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҳамзамон оид ба тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар шуд.
Таъкид гардид, ки дар замони имрӯза муборизаҳои геосиёсӣ байни гурӯҳҳои алоҳидаи ҷудоихоҳ ва манфиатҷӯ торафт шиддат гирифта, ин ҳамагонро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Барои падару модар омӯзиши касбу ҳунар ва одоби ҳамидаи фарзанд мояи ифтихор аст. Ҳамин гуна тамоми паҳлуҳои зиндагӣ ва фаъолияти ибратомӯзи падару модар низ барои фарзанд шоистаи ифтихор мебошад. Волидон бобати маълумотнок ва соҳибкасб намудани фарзандон шароити зарурӣ ба вуҷуд оварда, барои интихоби касбу ихтисоси ба онҳо писанд бояд мусоидат намоянд.
Ҳамзамон директори Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ ва мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бобати мавзуи мазкур ибрози андеша намуданд.
АКС: рӯзномаи «Нигини Хоруғ»








Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад






