Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи назариявӣ-амалӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 29.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия – иродаи мо, ҷавонон дар роҳи давлатдории миллӣ» конференсияи назариявӣ – амалӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар конференсия иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дорандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони Стипендияи президентӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон, варзишгарони муваффақ, волонтёрон ва ҷавонони фаъоли мамлакат, дар маҷмуъ 400 нафар дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бисту нуҳ сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Аз ин рӯ таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябр яке аз идҳои асосии миллии мо маҳсуб мешавад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






