Дар маркази ноҳияи Роштқалъа сохтмони мактаби нав идома дорад

Октябрь 15, 2023 14:10

ХОРУҒ, 15.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Роштқалъа Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав бунёд карда мешавад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Мутобиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сари вақт мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии маркази ноҳияи Роштқалъа корҳои сохтмонӣ дар фасли зимистон низ идома меёбанд. Чанд даҳсола пеш дар ҳудуди вилоят дар фасли сарди зимистон бунёди ҳама гуна сохтмонҳо то фарорасии фасли  баҳор муваққатан қатъ мегардиданд. Зеро он замон маҳлулҳои хос ба муқобили сардӣ, ки дар таркиби масолеҳи сохтмонӣ омехта менамоянд, вуҷуд надоштанд. Аммо ҳоло чунин масолеҳ вуҷуд дорад ва бо истифода аз он ҳар гуна масолеҳи сохтмонӣ ба сардӣ тоб оварда метавонад.

Сардори Раёсати маорифи вилоят Аминҷон Мирзоқандов гуфт, ки «бунёди чунин бинои боҳашамат барои насли наврас дар ноҳияи Роштқалъа идомаи мантиқии сиёсати  маорифпарваронаи Пешвои миллат буда, бо ҳамин роҳ ба беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсил ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбияи хонандагон метавон мусоидат намуд».

Ин  муассисаи  таълимии замонавӣ барои 640 хонанда пешбинӣ шуда, аз 4 ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум ва дуюм утоқҳои таҷрибавии фаннӣ, толор барои хониш, ду китобхона, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ, толор барои баргузор намудани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва хонаи муаллимон ҷой дода шудаанд. Ошёнаи сеюм ва чорум пурра барои синфхонаҳо ҷудо гардидааст.

Синфхонаҳои фаннӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 бо тамоми лавозимоту аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

Бо мақсади рушди намудҳои гуногуни варзиш дар ин таълимгоҳ толори алоҳидаи варзишӣ бунёд меёбад, ки дар  он барои навъҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла обу тоб додани бадан, волейболу баскетбол ва футбол шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ҳамчунин дар назди бинои таълимӣ майдон барои бозии футболи хурд низ сохта мешавад, ки барои баргузор намудани мусобиқаҳои деҳотию ноҳиявӣ кӯдакону наврасон ва ҷавонони ноҳия аз он истифода мебаранд».

Бояд гуфт, ки мутобиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021-2025 татбиқи 92 лоиҳа ба маблағи беш аз 222 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин ҳисоб то имрӯз 13 лоиҳа ба маблағи 80 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2023 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муттаҳидгардонии имтиҳонҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Ин масъала мавриди омузиш қарор мегирад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низоми баҳогузории 10-хола чӣ натиҷа дод?
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон: «Низоми дувоздаҳсолаи таълим дар марҳилаи аввал ба таври пилотӣ амалӣ карда мешавад»
Хонандаи тоҷик «Ҷоми Раёсати Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон»-ро соҳиб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ нахустин маротиба ду Шурои диссертатсионӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ таъсис ёфт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази «Низоми байналмилалии арзёбии омӯзиши забони тоҷикӣ» таъсис меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рашт 27 омузгор бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 музди маоши кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар 10 фоиз баланд бардошта мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон толори судӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, марказҳои тестӣ ва забономӯзӣ фаъолият менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 15 ихтисоси нав таъсис ёфт
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб омузгоронро барои ҳимояи рисолаи докторӣ бо 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ менамояд