Дар Марокаш тавсеаи ҳамкории бонкҳои миллии Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша дар соли 2024 мутахассисони Бонки миллии Швейтсария ба Тоҷикистон ташриф оварда, барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ мегузаронанд. Масъалаи мазкур дар мулоқоти раисони бонкҳои миллии Тоҷикистон ва Швейтсария Ҳоким Холиқзода ва Томас Йордан дар Марокаш дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон имконияти идомаи ҳамкориро дар самти баланд бардоштани иқтидори кормандони Бонки миллӣ дар бахшҳои идоракунии хавфҳои амалиётӣ ва ҳисобдорӣ, ташкили сафари мутахассисони Бонки миллии Швейтсария ба Душанбе дар соли 2024 барои гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ ва машваратҳо баррасӣ намуданд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои гуногуни иқтисод беш аз пеш густариш меёбад.
Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан барои боз ҳам тавсеа додани ҳамкорӣ дар самти таҳкими низоми бонкии Тоҷикистон омодагии худро иброз намуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5981 то 9.6300 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад






