Дар Марокаш Вазири молияи Тоҷикистон бо директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои амалиётӣ вохӯрӣ намуд

Октябрь 13, 2023 17:50

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои амалиётӣ хонум Анна Бйерде вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» дар Вазорати молия хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи татбиқи саривақтии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуда, оид ба ҷалби маблағҳои иловагӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёти мамлакат изҳори назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ иштирок дорад.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 13, 2023 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд