Дар ноҳияи Рӯдакӣ ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявиро қадрдонӣ намуданд
РӮДАКӢ, 31.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ маросими қадрдонии 29 нафар ғолибону иштирокчиёни даври ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Ба ғолибон ва иштирокчиёни даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати иштироки фаъолона изҳори сипос карда шуда, таъкид гардид , ки бо ташаббус ва иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» гузаронида мешаванд, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, хосса наврасону ҷавонон аҳамияти муҳим доранд. Дастгириву ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон ва ба ин восита баланд бардоштани завқу салиқаи онҳо нисбат ба омӯзиш, аз бар намудани донишҳои муосир ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Мояи қаноатмандӣ аст, ки сокинони ноҳияи Рӯдакӣ низ дар ин озмунҳо фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ҳунармандону санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ манзур намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Хатлон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Гулистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд






