Дар ноҳияи Рашт ғолибони даври минтақавии се озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд

Октябрь 24, 2023 10:58

РАШТ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар   Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар фазои тантанавӣ маросими қадрдонии ғолибони даври минтақавии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат»  доир гардид. Дар маросим Раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ 32 нафар ғолибони даври минтақавии озмунҳоро бо  24 ҳазору 700 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ намуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Роҳбарияти ноҳияи Рашт ба иштирокдорони озмун, муаллимон ва волидони онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, иштироки фаъоли хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои миёнаи касбии ноҳияро  шоистаи таҳсин хонд.

Озмунҳо таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон амалӣ гардида, бори дигар исбот менамоянд, ки мардуми тоҷик таърихан миллати фарҳангдӯст, соҳибкитоб ва тамаддунофар буда, пайравӣ ба гузаштаи пурифтихор ва рӯ овардан ба китобхонӣ дар замони муосир зарур ва ҳатмӣ мебошад. Маҳз тавассути мутолиаи китоб инсон барои худ ҷаҳонро кашф намуда, муҳити маънавиашро ғанӣ мегардонад. Хондани китоб дар ҷавонӣ -ин нақш дар санг аст. Аз ин рӯ, аз ҳоло  бояд барои китобхонии фарзандонамон шароит муҳайё созем, то онҳо дар оянда мавқеи худро дар ҷомеа ёфта тавонанд.

Мояи ифтихор аст, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат ҳаводорони зиёдеро ба ҳам оварда, дар муаррифии чеҳраҳои китобхон, донишманд, суханвар ва эҷодкор нақши бориз мегузорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон, падару модарон, хонандагону омӯзгорон, донишҷӯёну намояндагони касбу кори гуногун тамоми неруи зеҳнии худро ба дастгирии ташаббуси Пешвои миллат равона сохта, дар чор зинаи озмун донишу маҳорати худро муаррифӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Октябрь 24, 2023 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд