Дар ноҳияи Шаҳринав бинои Литсей барои хонандагони болаёқат ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав бинои наву хуштарҳ ва замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад.
Литсей барои хонандагони болаёқат барои 620 хонанда бунёд гардида, аз 28 синфхона ва 6 кабинети фаннӣ, аз ҷумла кабинети фанни химия, биология, физика, технологияи иттилоотӣ, технологияи касбу ҳунар, толори варзишӣ, толори фарҳангӣ, майдончаи варзишӣ ва ошхона барои 120 нафар дар як баст иборат мебошад. Дар муассиса машғулият бо забони тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешавад.
Тавре таъкид карда шуд, сохта ба истифода додани чунин бинои хуштарҳу замонавӣ барои таълиму тарбияи насли наврас бо дастгирии шарикони рушд мояи хушнудӣ ва фараҳмандии сокинони сарбаланди ноҳия гардид ва миннатдориву эҳтироми самимонаи мардуми ноҳия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карда шуд.
Инчунин изҳори миннатдорӣ ба сарпарасти лоиҳа- Фонди Саудии Рушд барои ҳамкории самарабахши дуҷониба дар бунёд ва ба истифода додани чунин муассисаи замонавӣ бо тамоми шароиту имконияти муосири таълимӣ изҳор гардида, дар оянда идомаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар ин ҷода самарабахшу манфиатбор арзёбӣ шуд.
Ҳоло дар муассиса 43 омӯзгори дорои маълумоти олӣ ба 606 хонанда таълиму тарбия медиҳанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ноҳияи Шаҳринав








Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд






