Дар ноҳияи Шаҳринав зиёда аз 1 километр роҳи дохили кӯчаҳо мумфарш гардид
ШАҲРИНАВ, 09.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр зиёда аз як километри роҳи кӯчаҳои А.Ҷомӣ ва А.Сангини Ҷамоати деҳоти Шаҳринав тавассути техникаҳои соҳаи роҳсозӣ пурра мумфарш шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Тадбирҳои ободкорӣ-мумфаршкунии роҳҳо дар ноҳияи Шащринав тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки роҳи марказии ноҳия бо масофаи 8 километр аз ҷамоати шаҳраки ба номи М.Турсунзода то гардиши сари пули шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода аз тарафи соҳибкор Умар Кремлёв пурра навсозӣ ва асфалтпӯш гардида, қубури оби нӯшокии ноҳия, ки бо роҳи марказии ноҳия мегузашту корношоям гардида буд, бо дарозии 1600 метр иваз гардид.
Умар Кремлёв яке аз асосгузорони Хазинаи умумиҷаҳонии боксёрон, роҳбари Хазина ва Президенти Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии бокс, соҳибкори бонангу номуси Ватан ва собиқ хатмкунандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Шаҳринав мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






