Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо сарбозону афсарони отряди сарҳадии «Боғ» вохӯрӣ доир шуд

Октябрь 27, 2023 17:59

ДУШАНБЕ, 27.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо сарбозону афсарони отряди сарҳадии «Боғ» вохӯрӣ намуда, бо шароити будубош ва хизмати онҳо шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Инчунин хати барқи дидбонгоҳи сарҳадии «Боғ», ки дар масофаи 11,5 километр бунёд шуда буд, ифтитоҳ гардид.

Дар вохӯрӣ раиси вилоят бо наваскарон суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба хизмати содиқона ба Ватану миллат ва зиракӣ даъват намуд.

Иброз гардид, ки маҳз хизмати софдилона ва шабонарӯзии марзбонони мо аст, ки сулҳу субот дар мамлакатамон ҳукмфармо мебошад.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 27, 2023 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад