Дар ноҳияи Шуғнон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба истифода дода шуд

Октябрь 19, 2023 13:51

ДУШАНБЕ, 19.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18  октябр дар маркази ноҳияи Шуғнон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Ҳамзамон барои роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон туҳфаи Пешвои миллат- нақлиёти нави хизматии тамғаи Нива дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.

Дар маросими баистифодадиҳии бинои мазкур Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва муовини  якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бино аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якум утоқи кории кормандон, китобхона бо 1000 нусха адабиёти шоирони муосиру классик ва соҳавӣ, ҳамчунин утоқи бойгонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошанд.

Ошёнаи дуюм аз толори калони маҷлисӣ барои 70 ҷойи нишаст, утоқи роҳбарият ва дигар утоқҳои корӣ иборат аст.

Зимни шиносоӣ бо шароити кории бино раиси вилоят ва муовини якуми Раиси ҲХДТ ба корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон аз ҷониби шахсони саховатпеша ва аъзои фаъоли ҳизб сохта шуда, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон дар ваъияти тантанавӣ ба ҷавонони ноҳия, ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ қабул шуданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Роҳбарият зимни суҳбат бо кормандон ва раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон таъкид доштанд, ки фаъолиятро ҷоннок намуда, дар рушд ва пешрафти ммлакат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳисса гузоранд.

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон ваъда доданд, ки дастурҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, дар ободӣ ва суботи мамлакат саҳм мегузоранд.

Қомат афрохтани бино ба ҳусни маркази ноҳия таровати тоза зам менамояд. Атрофи иншоот бо гулҳо оро дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

Октябрь 19, 2023 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад