Дар осоишгоҳи Авҷи ноҳияи Ишкошим боз ду ҳавзи оби шифобахш бунёд гардид

Октябрь 16, 2023 19:10

ХОРУҒ, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осоишгоҳи Авҷи ноҳияи Ишкошим соли равон илова ба таъмиру навсозии ошхонаву хобгоҳҳо ҳамчунин барои табобатгирандагони ин муассиса  боз ду ҳавзи иловагӣ бунёд гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Роҳбари ин осоишгоҳ Қурбоналӣ Хоҷалиев  гуфт, ки «сол ба сол сафи мизоҷон аз ҳисоби сокинони ҷумҳурӣ ва берун аз он рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар 8 моҳи соли равон беш аз панҷ ҳазор ниёзмандон аз оби шифобахши ин мавзеъ баҳра бурданд. Инфрасохтори шифохона чандин даҳсола пеш тарҳрезӣ шуда, ба талаботи замони муосир он қадар ҷавобгӯ нест. Афзоиши  шумораи зиёди ниёзмандон зарурати бунёди хобгоҳ ва ҳавзҳои иловагии дармониро ба вуҷуд овард. Мо ба мақомоти давлатӣ  як лоиҳа пешниҳод намудем ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин тарҳро ҷонибдорӣ намуд. Дар фурсати кӯтоҳ тавонистем онро амалӣ созем.  Ин ду ҳавз бо маблағи беш аз 500 ҳазор сомонӣ бунёд шудаанд.  Корҳои сохтмониро дар иншоот паймонкор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Вахон 2015» ба уҳда гирифта, бо суръат ва сифати хуб ба анҷом расонд».

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар баробари дигар иншоот дар қаламрави ноҳияи Ишкошим ба таъмиру таҷдид ва бунёди биноҳои назди обҳои шифобахш таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Дар муддати кӯтоҳ аксарияти шифохонаҳо симои худро комилан тағйир доданд.

Осоишгоҳи Авҷ дорои имконияти баланди ба табобат фаро гирифтани  беморон  буда,  оби шифобахши Авҷ барои бемориҳои чашм, миён ва гурдаву рӯда тавсия дода мешавад. Аз ин рӯ давоми соли равон беш аз 5 ҳазор нафар аз обҳои дармонбахши ин мавзеъ истифода намуданд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  яке аз мавзеъҳои сайру саёҳатӣ буда, дар баробари маъруфтарин зиёратгоҳҳо ва маконҳои таърихӣ дорои чашмаҳои шифобахш низ мебошад, ки имрӯз мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор гирифтааст.  Ҳоло дар Бадахшон шумораи  чашмаҳои шифобахш  ба 71 адад расидааст, ки  аксарияти ин  онҳо дар  ноҳияи Ишкошим  ҷойгир шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 16, 2023 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
Президенти Тоҷикистон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат хонаи истиқоматӣ тақдим намуданд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи январ чӣ гуна мешавад?
«МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 900 метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд